ЗАНОН ВА ДОНИШҶӮДУХТАРОН ДАР ИНТИХОБОТ ФАЪОЛОНА ИШТИРОК ХОҲАНД КАРД

Бинанда: 428 | Санаи нашр: 05 Феврал 2025

4-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки фаъолзанони донишгоҳ таҳти унвони «Занон ва интихобот» мулоқот бо ҳайати Шӯрои занон баргузор гардид.

Раиси Шӯрои занони донишгоҳ Ҳисориева Гулнора Тоировна ва роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова роҷеъ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва саҳми занону бонувони донишгоҳ дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ибрози назар карданд.

Раъно Ғаюрӣ аъзои фаъоли Шӯро доир ба дастгирии занону бонувон, иштироки онҳо дар корҳои созандагиву ободонӣ ва маъракаи муҳимми сиёсии дарпешистода суханронӣ карда, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувон ёдовар шуд.

Ҳисориева Гулнора Тоировна бо итминон зикр кард, ки ҳайати Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар маъракаи муҳимми сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолона иштирок хоҳанд намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top