ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

Бинанда: 429 | Санаи нашр: 05 Феврал 2025

Санаи 4-уми феврал соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Гулнора Тоировна баргузор шуд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукурзода Саодат бо ҳайати гурӯҳи корӣ ва бонувону донишҷӯдухтарони хобгоҳ иштирок доштанд.

Шукурзода Саодат ва ҳайати гурӯҳи корӣ пиромуни ҳадафу моҳияти Паёми Президенти кишвар сухан ронда, аз ҷумла зикр карданд, ки Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи мамлакат дар ҳоле ироа гардид, ки тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва мардуми шарифи кишвар барои сазовор истиқбол намудани сию панҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Саодат Шукурзода дар фарҷоми суханронӣ ба раёсати донишгоҳ барои дастгириҳои мутақобила арзи сипос намуда, таъкид намуд, ки тозаю озода нигоҳ доштани ҳар гӯшаю канори Тоҷикистони соҳибистиқлол рисолати шаҳрнишинӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафар аст. Бинобар ин, аз занону донишҷӯдухтароне, ки дар хобгоҳ иқомат доранд, дар шанбегиҳои  умиминоҳиявӣ иштирок карда, дар минтақаи вобасташуда – хонаҳои худ, саҳни бино ва гирду атрофи хобгоҳ ва баровардани партовҳо саҳмгузор бошанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top