Санаи 10-уми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои занон ва донишҷӯдухтарон доир гардид.
Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия, н.н.и. Ҳисориева Гулнора Тоировна, роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон Ҷамила Ғафурова, н.и.и. Нарзуллозода Майсара ва муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Назира Азизова оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Муовини ректор оид ба тарбия, н.н.и. Ҳисориева Гулнора Тоировна оид ба ҳадафҳои навин, аз баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ, рушдии неруи инсонӣ, масъалаи саломатии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва эълон гардидани солҳои 2025 -2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ибрози андеша намуда, таъкид намуд, ки масоили мазкур мазмуну муҳтавои асосии Паём ба ҳисоб мераванд.
Назруллозода Майсара қайд намуд, ки Паёми Президенти мамлакатро муаррифгарӣ расмии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба мардуми ҷумҳурӣ шуморида, дар низоми давлатдорӣ аҳамияти муҳимми сиёсӣ, байналмилалӣ, барномавию стратегӣ доштани онро шарҳ дод.
Назира Азизова оид ба иқтисоди сабз, рушди устувор ва дастовардҳои ноилгардидаи Тоҷикистонро дар панҷ соли гузашта шарҳу тавзеҳ дод.
Ҷамила Ғафурова зимни суханрониаш қайд намуд, ки нақши зан- модар дар меҳвари Паёми навбатӣ қарор дошт. Бо баромаде, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва панду ҳикмат буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки зан-модар ва ишқи ӯ ба фарзанд муқаддастарин эҳсос дар олам аст. Некӯйиву эҳсонкорӣ ва эҳтироми сазовор ба падару модар далели комили имону имондорӣ ҳисоб мешавад.
Муборак Сафарова - н.и.и. дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ, Маҳсуддинова Раҳёнбӣ - котиби Шурои олимони донишгоҳ ва Зайдуллоева Давлатмо - мудири китобхонаи донишгоҳ низ баромад намуда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки занону донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун дастури созанда сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ сарҷамъу муттаҳид шуда, баҳри ободию шукуфоии Тоҷикистон саъю талош хоҳанд кард.