Санаи 4-уми декабри соли 2024 дар Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Белоруссия олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни “Менеҷмент” байни 18 муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатҳои ИДМ баргузор гардид.
Дар олимпиада дастаи “Менеҷерони ояндасоз” - и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иборат аз 5 нафар донишҷӯ зери роҳбарии н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг Аминов Ф.И. тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Олимпиадаи байналмилалӣ дар ду давр - тестӣ ва ҳалли супоришу масъалаҳо баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки дастаи “Менеҷерони ояндасоз” - и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дониш ва маҳорати баланд нишон дода, холи баланд ба даст оварда, сазовори ҷойи дуюм гардид. Инчунин, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Усмонов Саидқосим Ҳошимович сазовори ҷойи дуюм гардид.
Роҳбарияти Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Белоруссия ба дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуд.
Дастаи “Менеҷерони ояндасоз” – и ДДТТ:
Роҳбари даста: н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг Аминов Фотеҳҷон Иномҷонович.
Ҳайати даста:
1. Абдусатторова Мадинабону Абдуҷабборовна – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010402 – кори бонкӣ;
2. Бебекин Алексей Андреевич – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит;
3. Назармамадова Руқия Асалбековна – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010402 – кори бонкӣ;
4. Усмонов Саидқосим Ҳошимович – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит;
5. Хазратқулова Дилнура Нусратовна – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 25010402 – кори бонкӣ.
Раёсати илм ва инноватсия