Санаи 05.12.2024 ҷаласаи Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Ҳ., сармутахассиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоӣ Убайдзода А., аъзои Шурои диссертатсионӣ ва доираи васеи омӯзгорону унвонҷӯён баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Шуро, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирова З.Ҳ. оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард. Дар доираи муҳокимаҳо, масъалаҳои муҳими илмӣ ва таълимӣ баррасӣ шуда, ғояҳо ва пешниҳодҳо барои беҳтар кардани раванди диссертатсиякунонӣ ва таълимоти илмӣ дар донишгоҳ матраҳ гардиданд.
Қайд карда шуд, ки Шурои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар соли 2024 фаъолияти назаррас анҷом дод, ки ба рушди илм ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ равона шуда буд.
Дар давоми сол 12 маҷлиси Шуро баргузор гардид, ки дар онҳо 12 диссертатсия баррасӣ шуд. Аз ин шумора, 5 рисола аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, 7 парвандаи аттестатсионӣ дар баррасӣ қарор доранд.
Натиҷаҳои асосӣ
1.Ҳимояҳои илмӣ:
Дар шуро 2 ҳимояи якдафъаина баргузор гардид.
2. Нашри мақолаҳо:
Аъзоёни шуро дар маҷаллаҳои илмии дохилӣ ва байналмилалӣ мақолаҳои зиёде ба нашр расонидаанд. Мақолаҳо оид ба рушди иқтисоди сабз, механизми идоракунии инноватсияҳо ва дигар масъалаҳои мубрами иқтисодӣ шомил мешаванд.
3. Ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ:
Дар соли 2024 ду семинари омӯзишӣ ва мизи мудаввар оид ба таҳкими раванди аттестатсия ва ҳимояи диссертатсия баргузор гардиданд.
4. Тағйирот дар ҳайати шуро:
Ҳайати шуро аз нав дида баромада шуд. Чанд нафар узви нав ба шуро шомил шуда, инчунин тағйирот дар вазифаҳои роҳбарӣ ворид гардид.
5. Мушкилот ва тавсияҳо:
Шуро дар раванди баррасии парвандаҳо баъзе мушкилиҳои маъмуриро ба қайд гирифт ва барои рафъи онҳо тавсияҳо пешниҳод намуд.
Нигоҳ ба оянда
Шуро тасмим гирифтааст, ки дар соли 2025 ба тавсеаи фаъолияти худ идома дода, ба ҳимояи рисолаҳои PhD таваҷҷуҳи бештар равона намояд. Инчунин, ҷорӣ намудани стандартҳои замонавӣ ва беҳбуд бахшидани раванди ҳимоя ва аттестатсия аз афзалиятҳои асосии он хоҳад буд.
Раёсати илм ва инноватсия
05 декабри соли 2024