Санаи 03-юми декабри соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир ба масъалаҳои шуғлнокии самарабахши ҷавонон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раҳмонов Расул Юсуфхонович - корманди раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ғаффорзода Юсуф Фарҳод - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Дар доираи семинар Ғаффорзода Юсуф ва ассистенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии донишоҳ Бобохониён Довуд вобаста ба амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ, зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат ба Ватан ва тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ миёни ҷавонон суханронӣ намуданд.