Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Бинанда: 350 | Санаи нашр: 03 Декабр 2024

30 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таърихи муосири мамлакат ҳамчун давраи пурмаҳсул ва сарнавиштсоз сабт шудааст. ҲХДТ, ки соли 1994 бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт, ҳадафи асосии худро дар таҳкими сулҳу субот, пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мебинад. Дар солҳои аввали таъсис, Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсӣ ранҷ мебурд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як нерӯи фаъоли сиёсӣ дар ҷалби нерӯҳои мухталиф барои расидан ба сулҳи миллӣ саҳми калон гузошт. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, ҳизб тавонист ҷомеаро муттаҳид намуда, ба истиқрори сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ноил гардад.

Санаи 03-уми декабри соли ҷорӣ бо мақсади таҷлили рӯз таъсисёбии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафи аслиаш хизмат ба халқу ватан мебошад дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top