Санаи 30-юми ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе сеюмин “Дави дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки мақсад аз ташкили «Дави дӯстӣ» тарғиби тарзи ҳайёти солим, оммавигардонии варзиш ва таҳкими дӯстии байни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад.
Дави мазкур дар ду масофа – 3,5 ва 7 км, аз назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз гардида, то гардиши “Товус” тариқи шоҳроҳи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ доир шуд.
Дар сеюмин “Дави дӯсти”-и Тоҷикистону Ҳиндустон ҳайати кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти оли касбӣ, сокинони пойтахт, дӯстдорони дав ва дигар намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд. Аз ҷумла, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ дар ин чорабинии муҳим фаъолона ширкат варзиданд.
: