Таҳкими ҳамкорӣ барои рушди соҳаи суғурта дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти давлатҳои ИДМ

Бинанда: 365 | Санаи нашр: 27 Ноябр 2024

27 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тақвиятбахшии соҳаи суғурта дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти давлатҳои аъзои ИДМ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва сабти ташкилотҳои суғурта, идораи назорати суғурта дар Бонки миллии Тоҷикистон, мутахассисони ширкатҳои пешрафтаи суғурта, инчунин донишмандон ва пажӯҳишгарони соҳаи суғурта ширкат варзиданд. Ғайр аз ин, тавассути онлайн маърӯзаҳои олимони иқтисодӣ аз кишварҳои аъзои ИДМ пешниҳод ва муҳокима шуданд.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳими рушди соҳаи суғурта дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт баррасӣ гардида, иштирокчиён як қатор хулосаҳои муҳим оид ба такмили заминаи қонунгузории соҳаи суғурта пешниҳод намуданд.

Иштирокчиён аҳамияти чунин чорабиниҳо ва зарурати таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ барои ҳалли мушкилоти соҳаи суғуртаро дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт таъкид карданд.

Раёсати илм ва инноватсия

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top