Баргузории мулоқот оид ба амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишгоҳ

Бинанда: 345 | Санаи нашр: 27 Ноябр 2024

Санаи 27 ноябри ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин ва доираи васеи кормандону донишҷӯён мулоқот дар мавзуъҳои амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.и. Ҳисориева Г.Т. чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки ҷиҳати амалисозии ин ҳуҷҷатҳо нақшаҳои чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Сипас, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин вобаста ба моҳият ва татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар самти ҳуқуқи озодиҳои инсон ва озодии виҷдон, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд.

Ҷамила Ғафурова котиби комиссияи доимамалкунанда ҷиҳати амалисозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд намуд, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар ин самт корҳои муайян, аз ҷумла баргузор намудани ҷаласаҳои назоратӣ, семинарҳои омӯзишӣ, паҳн намудани маводҳои таблиғотӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сомон расонида шудааст.

Ҳамчунин, ҳангоми баргузории чорабинии мазкур ба иштирокчиён бо мақсади баланд гардидани сатҳи маърифатнокӣ ва савияи дониши онҳо маводҳои тарғиботӣ, аз ҷумла китобчаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақсим карда шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top