Санаи 26 ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Шарофзода Фирдавс– подполковники миллитсия, муовини Сардори РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, Сиддиқзода Абдуҷаббор- подполковники миллитсия, Сардори шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, Хайруллозода Меҳриддин- полковники милитсия, Сардори ШВКД 1 дар ноҳияи Фардавсӣ, Назарзода Икром- полковники милитсия, Сардори ШВКД 2 дар ноҳияи Фардавсӣ, Саидзода Баҳрулло- подполковники милитсия, Сардори шуъбаи ҷавонони РВКД ҶТ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Маҳмадраҳимзода Фазлиддин, Раёсати донишгоҳ, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Дар рафти вохӯрӣ Шарофзода Фирдавс подполковники миллитсия, муовини Сардори РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, хатарҳои эҳтимолии терроризм ва экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози ақида намуданд. Қайд карда шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ Хайруллозода Меҳриддин- полковники милитсия, Сардори ШВКД 1 дар ноҳияи Фардавсӣ баромад намуда, қайд карданд, ки вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовар дар мисоли терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башар, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа алалхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд.
Қурбонов Абдукарим-муовини якум, муовини ректор оид ба таълим меҳмононро бовар кунониданд, ки колективи бисёр нафараи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумсҳурии Тоҷикистонро ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда ҷиҳати таълиму тарбия намудани насли ҷавони кишвар саҳмгузор мебошанд.