Санаи 22-юми ноябри соли 2024 дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорати донишгоҳ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Сайфулло Авғонов, муовини декан оид ба таълими факултет Фирӯз Исмоилзода, донишҷуёни курси 3-юми ихтисоси 25010404-суғурта ва курси 1-уми ихтисоси 250111-аудит ва ревизия иштирок намуданд.
Сипас, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Темурмалик Сафаров дар мавзӯи “Парчами давлат - василаи волои худшиносии миллӣ” маърӯза намуда, иброз дошт, ки бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат қабул карда шудааст. Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан зарур аст, зеро рамзҳои давлатӣ муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд мояи ифтихор бошад.
Мавриди иброз аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдории мо аҳамияти бузург дорад. Бори аввал 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.
Миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидааст, ки Дирафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хоса дошт ва он дар Ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.
Инчунин, донишҷӯён ИсломАзизов дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон” ва Меҳршод Каримов дар мавзӯи “Ливои мо” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён дар васфи Парчами давлатӣ шеърҳо қироат намуданд.