МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 307 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2024

14 – уми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Нахуст, ҷамъомадро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, н.и.и., дотсент Абдукарим Қурбонов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро самимона табрику таҳният гуфта, доир ба аҳамияту рисолати бузурги ин ҷашнҳои фархунда ва хидматҳои беназиру мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва пешрафти давлатдории миллӣ суханронӣ кард.

Қайд гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши ҳалкунанда бозид. Маҳз ҳамин иҷлосия имкон фароҳам овард, ки ҳукумати конститутсионӣ барқарор карда шуда, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намояд.

Мавсуф иброз дошт, ки Рӯзи Президент - рӯзи рамзии таърихӣ, таҷассумгари орзую умеди неки мардуми кишвар, кафолати сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду рушд ва ваҳдату ягонагии соҳибистиқлолии кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷибашон, аз ҷумла инсондӯстиву ватандӯстӣ, ҷасорату матонат, устувориву мардумият ва бо иқдому ташаббусҳои аҳамияти умумиҷаҳонидошта на танҳо дар дилу дидаи тоҷикону тоҷикистониён, балки мардуми сайёра маъво гирифта, сазовори эътирофи сиёсатмадорони шинохтаи дунё гардидаанд.

Сипас, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи тақдирсоз, профессор Абдусаттор Ҷабборов дар мавзӯи “Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллӣ” суханронӣ карда, зикр намуд, ки бо ибтикори нерӯҳои солими Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони фидокори мардумӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид.

Яке аз масъалаҳои муҳими Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки аз тарафи вакилон номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид ва аз 197 нафар вакилони мардумӣ 186 вакил ба ҷонибдориашон овоз доданд. Ниҳоят 19-уми ноябри соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон фарзонафарзанди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд, ки минбаъд дар эъмори давлати соҳибистиқлоли тоҷик басо ҷонбозиҳо карда, сазовори эҳтироми хос ва эътирофи оламиён гардиданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби раёсати донишгоҳ як зумра омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ, варзишӣ ва маърифативу сиёсӣ иштироки фаъолона доштанд, бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар хотимаи ҷамъомад барномаи фарҳангию фароғатӣ, ки аз ҷониби дастаи ҳаваскорони “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ омода карда шуда буд, ба маҳфил зебоиву таровати тоза зам намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top