ПРЕЗИДЕНТ – КАФИЛИ СУЛҲ

Бинанда: 448 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2024

12-уми ноябри соли равон дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида  ба истиқболи 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор гардид.

Нахуст, чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони донишгоҳ Ҷамила Ғафурова ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯз мардуми тоҷик ва ҷаҳониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун наҷотбахши давлату миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактабдории муосири миллӣ эътироф намудаанд.

Сипас, донишҷӯи курси чоруми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук Ҷ. Исматов доир ба нақши Иҷлосияи сарнавиштсоз дар эҳёи сулҳу созиш ва эҷоди ваҳдати миллӣ сухан гуфта, аҳли нишастро ба омӯзиши амиқу дурусти таърихи гузашта ва муосири Тоҷикистон, арҷгузорӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, бахусус ба заҳматҳои сулҳсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи “Тоҷири Аҷам”-и донишгоҳ бо суруду рақсҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро шод намуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top