НАМОИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бинанда: 406 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2024

Санаи 13 ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 32-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Асарҳои Пешвои миллат, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» барои мардуми кишвар, бахусус, дар тарбияи наврасону ҷавонон нақши муассир доранд.

Асарҳои Пешвои миллат танҳо ба хотири донистани гузашта набуда, балки дурнамоест, ки роҳи ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои тақвияти ватанпарастиву кишвардорӣ, ваҳдату ягонагӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда равона гардидааст. Илова бар ин, асарҳои Пешвои миллат дар раванди устувор намудани рукнҳои давлатдории тоҷикон дар шароити навин муҳим мебошанд.

Асарҳои Пешвои миллат инъикосгари таърихи гузаштаву имрӯза ва  дастовардҳои замони истиқлол буда, мутолиаи онҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии давлати тоҷикон аҳаммияти хосса дорад.

Омӯзиши асарҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми кишвар, бахусус наврасону ҷавонон мояи ифтихор, намунаи ибрат ва дарси худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top