Санаи 08.11.2024 дар озмоишгоҳи кимиёи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди озмоишгоҳӣ аз ҷониби н.и.к., дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг Абдусамеъ Табаров дар мавзуи “Усули таҳлили рефрактометрӣ” барои донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 250109 – молшиносӣ ва экспертизаи молҳо гузаронида шуд.
Дар раванди дарс донишҷӯён бо истифода аз асбоби рефрактометр консентратсияи маҳлули сахарозаро дар намунаи таҳлилӣ бо усули графики ростхатта озмоиш ва муайян намуданд.
Бояд қайд кард, ки гузаронидан чунин машғулиятҳои озмоишӣ барои баланд бардоштани сифати таълим, ташаккули салоҳият ва малакаю маҳорати амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.