Санаи 07.11.2024 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди намунавӣ дар мавзуи “Бекор кардани ақди никоҳ” (мурофиаи судии оилавӣ) аз ҷониби омӯзгори кафедра, н.и.ҳ., дотсент Қутфинисо Мирзоева баргузор гардид.
Дар мурофиаи намунавии судӣ декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук Ҳомидов А.Н., мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Алиев Ф.Ш., ассистентони кафедра Ҳакимов Ш.Ш. ва Бобохониён Д.М. иштирок намуданд.
Мурофиаи намунавии судӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 3 юми ихтисосҳои 240103 - ҳуқуқи иқтисодӣ ва 24010205 - ҳуқуқи гумрукӣ гузаронида шуд. Дар мурофиаи судӣ донишҷӯён Додохонов Ш. – нақши судя, Аҳёева М. - нақши котиби маҷлиси судӣ, Файзуллозода Ф. – нақши даъвогар, Сафарзода Ҷ. - нақши ҷавобгар, Ҷабборова М. – нақши ҳимоячии даъвогар, Олимбоев Ҷ. – нақши ҳимоячии ҷавобгар, Камолзода М. - нақши пристави судӣ, Ашурова Ф. ва Шафиев В. – нақши шоҳидонро бозӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки ташкили чунин мурофиаҳои намунавӣ заминаи баланд бардоштани сифати таълим, маърифати ҳуқуқии донишҷӯён гардида, дар ихтисосманд шудани онҳо кӯмаки бевосита мерасонад.