Санаи 4-уми ноябри соли 2024 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва меҳмонони сатҳи гуногун иштирок намуданд.
Пас аз ироаи табрикоти расмӣ барномаи фарҳангӣ доир гардид, ки онро баромади ҳунармандон ва ҳаваскорон рангин гардонид.