Рӯзи 28-уми октябри соли 2024 бо ибтикори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Конференсияи VIII-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Таҳсилоти фарогир: муносибати босалоҳият дар шароити бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангӣ” бахшида ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандони кишварро ба таҳсилоти босифат, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ, забонӣ ва фарҳангии онҳо муқаррар кардааст, баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимон, кормандони илмӣ ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони воҳидҳои сохторҳои Вазорати маориф ва илм, методистони раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин олимон аз кишварҳои ИДМ ширкат намуданд.
Иштирокчиёни конференсия оид ба ҷанбаҳои назариявию амалии татбиқи муносибати босалоҳият дар муҳити бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Дар конференсияи мазкур омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, н.и.п., дотсент Бойалӣ Ҳусейнов иштирок намуда, дар мавзуи “Сатҳу сифати таҳсилот заминаи рушди иқтисодӣ” маърӯза намуд ва бо сипосномаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.