Мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди қонунгузорӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Бинанда: 457 | Санаи нашр: 10 Сентябр 2024

Санаи 5-уми сентябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 33-юмин солгарди рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар мавзуи “Рушди қонунгузорӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Мизи мудавварро мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ н.и.ҳ., досент Алиев Ф.Ш. оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Сипас, дотсентони кафедра: Алиев Ф.Ш. дар мавзуи “Рушди қонунгузории ҷиноятӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ” ва Абдуллоев Ф.Р. дар мавзӯи ташаккули қонунгузории оилавӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд. Қайд гардид, ки дар замони соҳибихтиёрӣ тамоми санадҳои ҳуқуқӣ, ки низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд пурра бозбинӣ ва аз нав қабул гардидаанд. Инчунин иброз гардид, ки таҳкими назарияҳои муҳимми ҳуқуқӣ аз қабили назарияи ҳуқуқи фитрӣ низ дастоварди ҳуқуқии даврони истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Дар фарҷом иштирокчиёни чорабинӣ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top