ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАЪОЛОНУ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН

Бинанда: 334 | Санаи нашр: 19 Март 2024

19 - уми марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин вохӯрӣ  бо доираи васеи омӯзгорону кормандони донишгоҳу литсейи тиҷорати ДДТТ  ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректори донишгоҳ  оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров  ҳусни оғоз бахшида, мазмуну муҳтавои мулоқоти Пешвои  миллат бо фаъолону  намояндагони ҷомеа ва ходимони динро  ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, оид ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" суханронӣ намуд.

Бо дархости ҳозирин сабти  телевизонии мулоқоти  Пешвои  миллат бо фаъолону  намояндагони ҷомеа ва ходимони дин такроран ба аҳли толор намоиш дода шуд.

Сипас, директори литсейи тиҷорати назди ДДТТ Сиёвуш Наботов ҷиҳати иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли  ҷомеа, олимон ва ходимони дин дода шуда буданд, суханронӣ намуд .

Инчунин, аз ҷониби иштирокчиён оид ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ,  хатари терроризму экстремизм, хурофоту таассуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, тарбияи ахлоқии фарзандон, таҳсили ғайрирасмии динӣ,  баланд бардоштани донишу маънавиёти ҷавонон, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан - Модар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top