ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДДТТ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Бинанда: 368 | Санаи нашр: 23 Феврал 2024

ОМӮЗГОРОН, КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ АЗИЗ!

Ҳамаи шуморо аз номи Раёсати донишгоҳ бо Рӯзи Артиши миллии ҷумҳурӣ, ки 23-юми феврал аз таъсисёбии он 31 сол сипарӣ мегардад, самимона табрику муборакбод гуфта, ба шумоён тансиҳатӣ, саодати рӯзгор ва дар кору фаъолиятатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Артиши миллии Тоҷикистон дар даврае таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ, сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд, вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шуруъ шуд.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.

Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Нақш ва мақоми Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сохти давлатдории миллӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, аз байн бурдани кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат бениҳоят бузург аст.

Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ, сипари боэътимоди ҳимояи ҳар халқу миллат мебошад. Тӯли солҳои мавҷудияти худ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист худро аз лиҳози моддию техникӣ муҷаҳҳаз гардонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд. То солҳои 1997 ҷузъу томҳои навтаъсиси Артиши миллии мамлакат бинобар вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум ба сангарҳои оташгир сафарбар мегардиданд.

Ҷавонони кишвар, ки ояндаи ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоанд, талош бар он доранд, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани хеш сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат намоянд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро  сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Инак, сиву як сол мешавад, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Дар зарфи ин сиву як сол Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик, аз ҷумла ҷавонписарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Бори дигар Шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни азизро бо Рӯзи Артиши миллии ҷумҳурӣ табрику муборакбод гуфта, бароятон хушбахтӣ ва оромиву осоиши бардавомро орзумандам.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top