Санаи 19 феврали соли 2024 дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» оғоз гардид.
Дастаи бонувони волейболбози Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар маросими расмии ифтитоҳи мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба “Рӯзи Модар”, ки дар толори муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.