Тибқи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба гузаронидани чорабиниҳои гуногуни таблиғотию ташвиқотӣ ва маҳфилҳои тарбиявӣ баҳри нигоҳдории урфу одат, одоби муоширату муносибат кардан, либоспӯшӣ ва намуди зоҳирӣ бо иштироки падару модарон ва омӯзгорони ботаҷриба дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 09 ноябри соли 2023 маҳфили доимамалкунандаи "Кадбону" бо иштироки волидайни донишҷӯён гузаронида шуд.
Дар маҳфил тарзи пухтани Оши палав, тайёр намудани хӯриш аз сабзавотҳо ва оро додани дастархони тоҷикона омӯзонида шуд. Донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо роҳбарии корманди Раёсати корҳои тарбиявӣ Қурбонова Сураё оши палавро омода намуданд.