Нишасти матбуотӣ

Бинанда: 658 | Санаи нашр: 31 Июл 2023

31-уми июли соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ва роҳбарияти донишгоҳу сохторҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, журналистонро хайрамақдам гуфт ва ба таври мухтассар доир ба фаъолияти донишгоҳ, дастовардҳои устодону донишҷӯён, роҳҳои боз ҳам беҳтар гардонидани сифати таълим, корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир ва ғайра ибрози андеша намуд.

Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ яке аз муассисаҳои таълимии соҳавӣ ба ҳисоб рафта, мутахассисони рақобатпазирро аз рӯи равияҳои иқтисодӣ аз рӯи 36 ихтисоси барномаи бакалавр, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 14 ихтисоси барномаи доктор PhD ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ тайёр мекунад.

Донишгоҳ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, литсей, 3 бинои  хобгоҳ барои омӯзгорону кормандон ва  донишҷӯён барои 670 нафар, як толори варзишї, ду майдончаи варзишӣ, 3 факултети омӯзиши

рӯзона, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, 12 кафедраи тахассусӣ ва 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад.

Бо мақсади таъмини иљрои босифати барномањои таҳсилотӣ  донишгоҳ дорои заминаи  моддию техникї, озмоишгоњї ва илмї-тадќиќотии замонавӣ, 7 бинои таълимї иборат аз 142 синфхонаи таълимӣ бо 4722  љойи нишаст, 12 синфхонаи компютерї, 3 озмоишгоњи таълимӣ, 1 адад синфхонаи лингафонї, 840  компютер, 130 проектор бо экран, 130 тахтаи электронї,  130 ноутбук ва 150 принтер мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода ќарор дода шудааст. Китобхонаи донишгоҳ  аз ду толори хониши  китобҳои муқаррарӣ  бо 115 ҷойи нишаст ва ду толори хониши  китобҳои электронӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат буда, бо компютерҳои замонавӣ ба шабакаи байналмилалии ИНТЕРНЕТ пайваст мебошанд, ки донишҷӯёну омӯзгорон аз онҳо  самаранок истифода мебаранд.

Барои пешбурди фаъолияти таълимию тарбиявӣ  224 нафар омўзгори доимӣ, аз љумла, 18 нафар доктори илм, 99 нафар номзади илм, 77  нафар муаллими калон ва 30 нафар ассистент фаъолият карда истодаанд, ки ҳиссаи омўзгорони унвондор 52,2 фоизро ташкил медињад, ки нисбати њамин давраи њисоботии гузашта 5,2  фоиз зиёд мебошад.

Дар донишгоҳ  2 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи ҷоизаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар дорандаи медали Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 нафар дорандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 3 нафар Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар Аълочии  кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 54 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодаанд.

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 4 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, 2 нафар аз пешдифои рисолаи докторӣ ва 12 нафар омӯзгор пешдифои рисолаи номзадиро гузаштанд. Омӯзгороне, ки дар соли ҷорӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуда, соҳиби диплом гардиданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба шумор рафта, тавассути зинаҳои магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), аспирантура (унвонҷӯй), докторантураи анъанавӣ амалӣ карда мешавад.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 37 нафар довталаби дараҷаи илмӣ ва аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳ 11 нафар докторанти анъанавӣ бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 20 нафар донишҷӯи донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ - техникӣ” иштирок намуда, соҳиби 2 ҷойи якум, 1 ҷойи  сеюм ва 2 ифтихорнома гардиданд.

Донишгоҳ ҳамкориҳои дуҷонибаро барои омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ бо якчанд донишгоҳҳои мухталифи олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ба роҳ мондааст.

Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ  яке аз самтҳои муҳимми рушд ба ҳисоб рафта, барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ замина мегузорад.

Пас аз гузориши мухтасари ректор намояндагони васоити ахбори омма, ки беш аз 40 нафарро ташкил медоданд, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, бахусус самтҳои марбут ба соҳаи таълиму тарбия саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top