Аввалин лоиҳаи таҳқиқотӣ ва сафари хизматӣ дар Донишгоҳи Лунд

Бинанда: 1215 | Санаи нашр: 24 Июл 2023

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ густариши робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо донишгоҳу муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ имкон фароҳам месозанд, ки онҳо бо дастоварду навгониҳо, технологияи пешқадам ва рақамикунонӣ дар самти таълиму тарбия ва пешбурди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ шинос гарданд.

Боиси зикр аст, ки аз ибтидои соли  2023 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба як лоиҳаи  нави минтақавӣ ва байналмилалӣ  бо номи MOCCA (“Тадбирҳои бисёрсатҳӣ барои  пешгирии коррупсия дар Осиёи Марказӣ”), ки аз тарафи  барномаи HORIZON-и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, пайваст гардид.

MOCCA барнома дар самти таҳқиқоти илмӣ  ва табодули академикии кормандони донишгоҳҳо аст ва дар он  донишгоҳҳои ҳамкор аз  Шветсия, Швейтсария, Литва, Финландия, Дания, Ҷумҳурии Чех, Туркия, Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон  ва Туркманистон иштирок доранд ва манфиатбардорони лоиҳа асосан донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

Мавриди тазаккур аст, ки MOCCA аввалин барномаи таҳқиқотӣ ва табодули кормандони академикӣ буда,   барои саҳмгузорӣ ба кӯшишҳои глобалӣ ва миллӣ оид ба фаҳмиш ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ба тариқи гузаронидани таҳқиқот ва пешниҳоди тавсияҳо равона шудааст. Ҳамоҳангсози ин лоиҳа яке аз донишгоҳҳои қадимӣ ва пурнуфузи Аврупои Шимолӣ ё Скандинавия Донишгоҳи Лунди Шветсия мебошад. Ин лоиҳа аз моҳи январи соли 2023 шуруъ шуда то моҳи декабри  соли 2026 идома хоҳад ёфт.

Устоди ДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ ва дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ  дар бахши Исматулло Исматуллоев, яке аз онҳое буд, ки бо пешниҳоди нақшаи кории худ барои иштирок дар фаъолияти барнома барои пеш бурдани таҳқиқоти илмӣ дар мавзуи “Технологияи бизнес ва таъсири он дар пастравии сатҳи коррупсия”   барои иштирок дар аввалин лоиҳаи таҳқиқотии донишгоҳӣ мушарраф шуд ва аз таърихи 2-юми июн то ба 30-юми июли соли ҷорӣ барои таҷрибаомузӣ ва омузиши методология таҳқиқотӣ  ба Донишгоҳи Лунди Шветсия сафар кард. Дар доираи ин сафар устод Исматуллоев И.У. бо як қатор намояндагон ва роҳбарони барнома суҳбатҳои судманде баргузор карда, бо усулҳои таҳсил ва методологияи таҳқиқотӣ ошно шуд, дар чорабиниҳою маъракаҳо, аз ҷумла семинарҳои таълимии  кафедраи иҷтимоиёт ва ҳуқуқ ва факултети илмҳои иҷтимоӣ иштирок кард. “Барои ман қабл аз ҳама руз гузарондан  дар шаҳраки донишмандон, яъне Лунд хеле муфид буд, зеро ин шаҳр пурра ба “шаҳри ҳушманд” мубаддал гардида, тамоми хизматрасониҳо ба таври маҷозӣ ё онлайн сурат мегиранд ва пешбурди таълиму таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ хеле замонавӣ аст”, мегуяд устод Исматулло Исматуллоев. “Дигар тарафи масъала, ки хеле судманд буд, дастрасӣ ба китобхонаҳои бузургу замонавӣ, аз ҷумла китобхонаи марказии Донишгоҳ, китобхонаи факултети илмҳои иҷтимоӣ ва китобхонаи Мактаби иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи Лунд  буд”, идома дод устод Исматуллоев И.У.

Лоиҳаи мазкур барои муҳаққиқон-иштирокчиёни барнома аз чор марҳила ё давра иборат аст. Марҳилаи якум - сафари хидматӣ ва ошноии умумӣ бо муҳити таҳқиқотӣ ва иҷтимоӣ, марҳилаи дуюм - давраи реинтегратсия, яъне ба донишгоҳҳои ҳамкор расонидани таҷрибаи омухташуда бо роҳи гузаронидани семинар ва мизҳои мудаввар, марҳилаи сеюм – ҳамгироӣ ё таъмин намудани ҳамкориҳо ва шарикии устувор дар байни донишгоҳҳои ҳамкор бо роҳи иштирок дар  семинарҳо ва конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва марҳилаи чорум – давраи ҳамкории маҳсулнок, яъне таҳия ва интишори мақолаҳои илмии муштарак ва интишори онҳо дар маҷмуаҳои илмии донишгоҳҳои ҳамкор.  

Сафари хидматии намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Исматуллоев Исматулло Убайдович дар барномаи таҳқиқотӣ ва табодули академикӣ  - МОССА яке аз аввалин сафарҳо дар қолаби ин барнома мебошад, ки Донишгоҳи мо дар чор соли оянда дар он иштирок хоҳад кард.

Иштироки намояндагони донишгоҳ дар чунин  барномаҳои байналмилалӣ    барои фароҳам сохтани заминаи устувори ҳамкориҳо дар оянда бо донишгоҳҳои аъзои барнома муосидат хоҳад кард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top