Ваҳдати миллӣ - заминаи ҳалли масоили глобалӣ оид ба захираҳои об

Бинанда: 584 | Санаи нашр: 26 Июн 2023

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ва наслҳои имрӯзу ояндаи он ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунад. Зеро ваҳдати миллӣ ин раванде мебошад, ки пойдории сулҳу субот, амалишавии ҳадафҳо, барномаҳо, стратегияҳо, арзишҳо ва асоси ҳастии миллати ботамаддуни тоҷикро дар бар мегирад. Халқи тоҷик ваҳдати милии хешро ба осонӣ ба даст наовардааст. Ваҳдате, ки имрӯз асоси оромӣ, пешравию шукофии кишвари азизамон гардидааст, дар он нақши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   мебошад. Маҳз Пешвои миллат новобаста аз он, ки вазъияти ҳамон давра ноором ва ҳама саргардону парешон буданд, ба сифати ташаббускори асосӣ ҷиҳати ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон баромад кардаанд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввале, ки роҳбарии кишварро ба даст гирифт, тамоми ҳастии худро барои расидан ба соҳибистиқлолии комил, пойдор ва шукуфои нигоҳ доштани кишвари тамаддундор ва ба даст овардани сулҳи тоҷикон бахшиданд.

Далели ин гуфтаҳо аз ҷумла дар он зоҳир меёбад, ки Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз он, ки Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд, зимни суханронии нахустини хеш ба ҳайси Сарвари давлат, иброз намуда буданд, ки: «…Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Дар ҳақиқат, ин гуфтаҳои Пешвои миллат ҷомаи амал пӯшиданд.

Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат тавонистанд, ки ваҳдати миллиро барои миллати тоҷик роҳандозӣ намоянд, то ки дар оянда заминаи рушди устувор гардад. Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки мушкилоти дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёбад ва марҳилаи нави давлатдорӣ оғоз гардад.

Дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи кишвар мусоидат намуд. Ҳамзамон ваҳдати миллӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфуз ба расмият шинохта шуда, обрую нуфузаш дар арсаи ҷаҳон бештар гардад.

Маҳз оромию осудагии кишвар ва сулҳи пояндаи он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд ва созмонҳои бонуфуз суханронӣ менамояд.

Лозим ба қайд аст, ки имрӯз вазъи тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои табиӣ таъсири манфии худро бо суръати баланд расонида истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин ҳолат эмин буда наметавонад. Ҳолати таъсири ҷиддие, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, яъне тағйирёбии ҳарорат, обшавии пиряхҳо, боришот ва баландшавии обҳои сатҳи баҳрҳо оқибатҳое хоҳанд дошт, ки на танҳо экосистемаҳои обиро тағйир медиҳанд, балки ба сатҳи дастрасӣ доштани инсоният ба таъмини об низ таъсири худро мерасонанд.

Дар робита бо масъалаи тағйирёбии иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин шахсиятҳое мебошад, ки дар арсаи байналмилалӣ масъалаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлимро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ёдовар бояд шуд, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якчанд қатъномаи марбут ба обро қабул намудааст. “...Қатъномаҳо дар бораи эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” аз ҷумлаи чунин иқдомот мебошанд”.

Инчунин ибтикорот дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея доир гардида буд, эълон гардид. Дар ҷаласаи навбатии Маҷмаи Умумии СММ якдилона қатънома оид ба эълони солҳои 2018-2028 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз 21 декабри соли 2016 таҳти рақами 71/463 қабул гардид. Басо рамзист, ки Даҳсолаи мазкур дар Рӯзи ҷаҳонии об - 22 марти соли 2018 оғоз гардида, ҳамчунин дар Рӯзи ҷаҳонии об - 22 марти соли 2028 ба анҷом хоҳад расид. Қатъномаи мазкур бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 193 кишвари узви СММ ҷонибдорӣ гардидааст.

Мақсади асосии ин Даҳсола, пеш аз ҳама, таъмини дастрасии умумӣ ба оби ошомидании тоза ва бо арзиши дастрас, нигоҳдошт ва ҳифзи ҳолатҳои санитарию беҳдоштӣ барои аҳолӣ, истифодабарии оқилонаи захираҳои об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мудирияти умумии об барои таъмин намудани эҳтиёҷоти асосии дарозмуддати инсон, аз қабили беҳдошт, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, истеҳсоли энергия, нигоҳдорӣ ва ҳифзи ҳолати экосистемаҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷорӣ намудани механизми нав дар ҷодаи ҳамкориҳо оид ба рушди устувор дар соҳаи обро дар бар мегирад. Яъне суръати тоза бахшидан ба фаъолият дар соҳаи об ва ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар назар дошта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Павилиони об дар Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, санаи 7 ноябри соли 2022 суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки “...захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ба ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Мо инро дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад, баръало мушоҳида менамоем. Бар асари гармшавии иқлим суръати обшавии пиряхҳои мо сол ба сол баланд шуда истодааст.То имрӯз аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш пурра аз байн рафтааст. “...селу обхезиҳо, хушксолиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола дар кишвар хисороти зиёди иқтисодию иҷтимоиро ба бор оварда, дар аксари мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд”. Вазъияти имрӯзаи тағйирёбии иқлимро ба инобат гирифта роҳбари кишвари Тоҷикистон  пешниҳод намуданд, ки “... соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад”. Дар ҳақиқат ин масъала доғи рӯз буда, бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.  Амалишавии ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди «сабз» ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти вазъи обҳои тозаи нушокӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ созгор мебошад.

Дар маҷмӯъ метавон қайд намуд, ки агар аз ҷониби истифодабарандагони об муҳимияти он бо таври возеҳу равшан дарк карда шавад, дар ин ҳолат як қадами устувор дар роҳи расидан ба иқтисодӣ “сабз” мебошад. Баррасӣ ва ҳалли мушкилоти мазкур дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об самараи бузург дода метавонад. Аз ин рӯ пешниҳод менамоем, ки усулҳои муосир  ва намудҳои истифодабарии захираҳои об бо дарназардошти риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии об риоя карда шаванд.

Инчунин бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар ҳолати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, ҳадафҳои стратегии миллии пешбинишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар таъмин гардида, шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолӣ муҳайё хоҳад гашт.

Саидов С.С. - муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ДДТТ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top