Cеминари омӯзишӣ дар Донишгоҳи Дегли Студи ди Наполи Федерикои II, Ҷумҳурии Италия

Бинанда: 669 | Санаи нашр: 31 Май 2023

Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ густариши робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо донишгоҳу муассисаҳои илмию таълимии хориҷӣ кишвар ба ҳисоб меравад. Дар партави сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судмандро дар доираи лоиҳаи аврупоии Эразмус+ КА2 лоиҳаи MIETC (Development of a Master Programme in the Management of Industrial Entrepreneurship for Transition Countries) –«Таҳияи барномаи магистрии идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодиёташон дар давраи гузариш» амал менамояд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таҳия ва татбиқи барномаи магистрӣ дар самти идоракунии соҳибкории саноатӣ дар донишгоҳҳои ҳамкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Туркманистон мебошад. Дар ин самт ба онҳо намояндагони донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Испания, Италия ва Словения ҳамкорӣ менамоянд.

Аз 20-ум то 28-уми марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи  Дегли Студи ди Наполи Федерикои II,  Ҷумҳурии Италия дар доираи лоиҳаи мазкур  ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ бо роҳбарии ректори донишгоҳ, д.и.т., дотсент Хайрулло Назарзода ба Ҷумҳурии Италия барои иштирок дар семинари омӯзишӣ ва инчунин барои вохурии роҳбарони лоиҳаи иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ суханрони намуда, нисбати тақвияти ҳамкориҳо байни ДДТТ ва донишгоҳҳои шарик ёдовар шуда, барои дар оянда боз ҳам густариши онҳо маслиҳатҳои муфид дод.

Дар рафти вохурии роҳбарони лоиҳа, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Италия иштирок менамуданд мусоҳибаҳо оиди ташаккул додани ҳамкории донишгоҳ бо донишгоҳҳои шарики лоиҳа мавриди муҳокима қарор гирифт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top