Дастоварди донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявӣ

Бинанда: 680 | Санаи нашр: 31 Май 2023

26 – ум ва 27 – уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат ва донишгоҳи мавриди назар Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Дар озмун донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 960101 – хадамоти гумрукӣ (роҳбари илмиашон: номзади илмҳои иқтисодӣ Лоиқшоҳ Бӯриев) – Комилҷон Раҷабов, Некрӯз Ҳакимов, Меҳрубон Маҳмадқулов ва Насриддин Ибрагимов донишу маҳорати хуб нишон дода, аз рӯи номинаи “Даставӣ” сазовори ҷойи дуюм, мукофоти пулӣ ва дипломи дараҷаи дуюм гардиданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top