Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ

Бинанда: 752 | Санаи нашр: 12 Феврал 2023
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои илмию техникӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар аввали соли 2023 миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ – 2023»-ро ташкил ва баргузор менамояд. Даври аввали озмун дар факултет ва донишгоҳ баргузор гардида, корҳои илмӣ-таҳқиқотии беҳтарин то санаи 1 марти соли 2023 барои иштирок дар даври ниҳоии озмун ба раёсати илм ва инноватсияи вазорат пешниҳод карда мешаванд.

**Раёсати илм ва инноватсияи **

**Вазорати маориф ва илми **

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top