МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД...

Бинанда: 722 | Санаи нашр: 03 Феврал 2023

Санаи 03 феврали соли 2023 бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия семинари илмӣ-машваратӣ бо иштироки намояндаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фараҳманд Аҳмадов вобаста ба тайёр кардани диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ, тартиби гирифтани унвонҳои илмӣ ва масъалаҳои ҳуҷҷатгузорию барасмиятдарории самтҳои зикршуда баргузор гардид.

Семинарро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шаропов ифтитоҳ намуда, ба Раёсати Комиссия барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, ёдовар шуд, ки масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгории дорои дараҷа ва унвони илмӣ бисёр муҳим буда, ба он дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ низ диққати махсус дода шуд. Дар ҷаласаи маҷозии Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ бо роҳбарон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ масъулин вазифадор гардиданд, ки барои баланд бардоштани сифати рисолаҳои илмӣ ва таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ пайваста сайъу кӯшиш намоянд.

Сипас Фараҳманд Аҳмадов дар вобаста ба масъалаҳои сохтори рисолаи илмӣ, тартиби овардани иқтибосҳо ва навиштани адабиёт, навиштани мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва миқдори онҳо, супоридани имтиҳони тахассусӣ, роҳбарӣ ба рисолаи илмӣ (диссертатсия), тартиби риоя намудани бандҳои алоҳидаи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда суханронӣ намуд. Ҳамчунин Ф. Аҳмадов оид ба камбудиҳои бештар такроршаванда дар ин самт изҳори назар намуд.

Дар охир унвонҷӯёну аспирантон, докторантон ва омӯзгорон вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда бо намояндаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу ҷавоб ва музокираҳо намуда, маълумот ва машваратҳои муфид ва заруриро дастрас намуданд, ки барои минбаъд дуруст ба роҳ мондани раванди омода ва ҳимоя намудани рисолаҳои илмӣ судманд хоҳанд буд.

Боварӣ дорем, ки иштирок дар семинар-машварати илмӣ-тадқиқотӣ муътақид бар он менамояд, ки омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, табодули афкор, маслиҳатҳои муфиду манфиатбахш омили муҳими пешрафти илм ва инноватсия хоҳад шуд.

Раёсати илм ва инноватсия

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top