НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Бинанда: 655 | Санаи нашр: 02 Феврал 2023

Имрӯз (02.02.2023) дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи васоити ахбори оммаи кишвар, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Халқ овозӣ”, “Тоҷикистон”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Фараж”, “Паёми Душанбе”, “Инсон ва табиат”, маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Баҳористон”, шабакаҳои радиоии “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Фарҳанг”, “Ховар”, “Овози тоҷик” ва ғайра иштирок намуданд.

Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ба таври мухтасар дар бораи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 маълумот пешниҳод намуд ва ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма, ки фарогири масоили гуногун, ба мисли баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъминот бо китобҳои дарсию методӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, табодули омӯзгорону донишҷӯён, иштироки муҳассилин дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолии донишҷӯён, корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар донишгоҳ, шароити таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ, хусусиятҳои раванди таҳсил дар низоми фосилавӣ, дастгирии иҷтимоии кормандону донишҷӯён ва ғайра ҷавобҳои қаноатбахш гардонид.

Муовини якуми ректор, муовин оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ Саймаҳмуд Саидов, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов ва муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои иқтисодӣ Гулнора Ҳисориева низ ба баъзе суолҳое, ки ба самти фаъолияташон вобаста буд, посух гуфтанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top