ПАЁМ - РОҲНАМОВУ ОЯНДАСОЗИ ҶОМЕА

Бинанда: 557 | Санаи нашр: 27 Январ 2023

Омӯзгор дар ҷомеа, рушди тафаккури миллӣ, эҷоду ихтироъ ва ифтихормандиву созандагӣ  нақши воқеан арзишмандро дорад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ќайд намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Воқеан, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, зеро маҳз омӯзгор равшангари ҳаёти инсон, таҳкимбахшандаи маърифат ва шуурнокии ҷомеа ҳаст ва хоҳад буд.  Омӯзгор  илҳомбахши нерӯи созандаи ҷомеа аст. Касбест басо пуршараф ва заҳматталаб.

Дар навбати худ, Президенти кишвар барои пешрафти илму маориф зарурати баланд бардоштани сифати таълим, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила, рушди варзиш ва дигар самтҳои ҳаёти мамлакатро таъкид намуда, ҳидояту дастурҳои муфиде пешниҳод намуданд.

Рушди босуботи иқтисод, устувории ҷомеа, татбиқи ҳадафу стратегияҳо, вазифаву барномаҳо, таъмингари ҳаёти осоишта, бунёди ҷамъияти солим, фарҳангу маънавиёт, сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва амнияту ҳаёти осоишта аз маҳсули меҳнати омӯзгорони асил сарчашма мегирад.

Илова бар он, дар ироаи Паёми Пешвои миллат ба як чанд нуқтаҳои ояндасоз бояд таваҷҷӯҳ намуд, аз ҷумла, «Бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад».

Боиси қайд аст, имрӯзҳо дар тамоми вазорату корхонаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии  касбӣ ва дигар ташкилоту идораҳо муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ нуқтаҳои асосии Паём баррасӣ гардида, дар асоси он нақша-чорабиниҳо таҳия гардидаанд, ки моро барои татбиқи он боз ҳам масъулиятнок менамояд.

Ҳамзамон, бояд иброз намуд, ки сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки  рушди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, пайваста дар зери таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Рушди инфрасохтори сайёҳӣ барои ҷалби сайёҳон заминаи мусоид фароҳам меорад.  Тавре қайд гардид, «Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад. Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст. Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад».

Дар татбиқи ин иқдому стратегияҳои миллӣ бояд такия ба нерӯи инсонӣ, моликияти зеҳнӣ ва мутахассисони касбии дорои масъулияту салоҳиятҳои зарурӣ  гузошта шавад ва дар ин самт боз ҳам нақши созандаро бояд  омӯзгорони асил ба даст гирифта бошанд.

Воқеан Паёми Президенти маҳбуби мо, барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон на танҳо дастур ё роҳнамо, балки барнома ё қадамҳои устувор баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд. Дар ин роҳ қувваю иқтидори зеҳнӣ, масъулияту заҳмати пайваста, нерӯи созанда, амну осоиштагиву муттаҳидӣ, нангу номуси миллӣ ва азму иродаи қавӣ  моро беш аз пеш зарур аст.

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top