Ба ифтихори ду ҷашни бузург

Бинанда: 582 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2022

14- уми ноябри соли 2022  дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук ба муносибати 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “ Аҳаммияти Иҷлосияи 16- уми  Шӯрои Олӣ дар таҳкими давлатдории муосири тоҷикон “ мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудавварро декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ Фитрат Рустамов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба аҳаммияти таърихии ин иҷлосияи тақдирсоз андешаронӣ кард.

Муовини ректор оид ба тарбия Неъматулло Дилоев ҳозиринро ба ифтихори ин иҷлосияи таърихӣ ва Рӯзи Президенти мамлакат табрику таҳният гуфт ва фикру мулоҳизаҳояшро дар доираи мавзӯи мавриди назар баён кард.

Сипас доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ У. Меликов дар мавзӯи “Санадҳои ҳуқуқии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ”, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ У. Сафаров дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории  навини тоҷикон”, донишҷӯи курси якуми ихтисоси иқтисоди ҷаҳон Закия Амирӣ дар мавзӯи “Таърихи пурифтихори миллати тоҷик” ва донишҷӯи курси якуми ҳамин ихтисос Дилноза Садирова дар мавзӯи “Фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ кардаанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top