Рӯйдоди беназири таърихӣ

Бинанда: 592 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2022

11 – уми ноябри соли 2022 дар донишгоҳ бо ибтикори кафедраи молияи факултети молия ва қарз мизи мудаввар  дар мавзӯи «Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ – оѓози давлатдории миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудавварро сардори раёсати илм ва инноватсия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Некрӯз Қудратов оѓоз  намуда, доир ба аҳаммияти бузурги ин иҷлосияи таърихӣ ибрози андеша кард.

Сипас доктори илми таърих Баҳром Қурбонов дар мавзӯи зикршуда  бо маърӯзаи пурмазмун суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик санаҳое  мавҷуданд, ки бо гузашти айём арзиши онҳо аҳаммияти бештар пайдо менамоянд ва Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили чунин рӯйдоди бузург дар сарнавишти миллати тоҷик мебошад.

Инчунин, магистри  курси дуюми ихтисоси молия ва қарз Абдул Субњон Аҷмал, донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси молия ва қарз Абдурањмонова Миҷгона ва Мирзода Абумуслим доир ба иҷлосияи таърихии тақдирсоз, ки ба тањкими сулњу субот ва рушди иқтисоди кишвар мусоидат кард, маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ мудири кафедраи молия, номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳодур Дӯстматов ва мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҷаъфар Неъмонов низ фикрҳояшонро доир ба мавзӯи зикршуда баён карданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top