БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 569 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2022

Тибқи моддаи 2 – юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки 2 – юми августи соли 2011 қабул шудааст, 16 – уми ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҳамоишҳои илмӣ, ҷамъомадҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишиву фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона баргузор мешаванд ва мардуми Тоҷикистон ин ҷашнро бо шодӣ таҷлил мекунанд.

Сабаби таъҷили чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки дар ин рӯзи таърихӣ 16 – уми ноябри соли 1994 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Дар ҳамон сол дар нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол шакли маъмурии Тоҷикистон ба ҷумҳурии президентӣ табдил ёфт.

Дар он марҳалаи муҳими таърихӣ, ки кишвари мо пеш аз ҳама ба сулҳу субот ва ваҳдат эҳтиёҷ дошт, низоми президентӣ ба таҳкими ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули саривақтии қарорҳои маъмурӣ, такмили механизми иҷрои қонун ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ нигаронида шуда, волоияти конун, тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Ин интихоби бошуурона аст, ки маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натоиҷи фаъолияти давлати гузашта ва имрӯзаи мост. Хушбахтона, гузариш ба низоми президентї на танњо давлату миллатро наљот дод, балки ба рушди устувори тамоми соњањои њокимият, аз љумла иќтисоду сиёсат, фарњанг, маориф ва ѓайра мусоидат намуд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва раиси ҳокимияти иҷроия, ҳомии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ваҳдат ва тамомияти арзӣ мебошад.

Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои эътирофи нақши калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу рушди давлатдории миллии мо, қадрдонӣ ва сипосгузорӣ аз тамоми давлату миллати воломақом аст. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди бошуур ва ватандӯст ва нигоҳи ҳар як шаҳрванди озоду сулҳпарвари Тоҷикистон аст.

Имрӯз истилоҳи "давлатҳои ноком" дар таҳлили сиёсатшиносии кишварҳое истифода мешавад, ки мушкилоти асосиашонро ҳал карда  натавонистаанд ва ояндаашон номаълум боқӣ мемонад. Ва баъзан душманони давлати тоҷикон мехостанд, ки кишвари мо дар ин қатор бошад. Аммо имрўз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тољикистон тањти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  давлати мустаќил, мебошад. Ҳеҷ кас наметавонад мавҷудияти Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии кишвари моро зери шубҳа гузорад. Ифтитоҳи мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳия ва аҳамияти бузург бахшида, мақоми Президентро низ ба наҷотдиҳандаи давлату миллат табдил дод. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз тамоми таҷрибаи таърихӣ, байналмилалӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии ниҳоди президентӣ истифода карда, ин усули давлатдориро ба намунаи наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шакли давлатдориро такмил дода, мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартариҳои худ эътирофи байналмилалӣ пайдо кардааст.

Њамин тавр, дар таърихи давлати соњибихтиёри мо мафњуми Президенти Љумњурии Тољикистон ба хизматњои шоистаи Эмомалї Рањмон њамоњангї дорад. Дар Рӯзи Президент аз шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат сухан гуфта мешавад.

Садорати факултети молия ва қарз

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top