15-уми феврали соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрии Фирдавс Саидзода-муовини раиси шаҳри Душанбе, Фатҳиддин Усмонзода-раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Маҳмадалӣ Азизӣ-сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маҳкамбой Гулзода-сардори бахши ҷавонон ва варзиши Душанбешаҳр бо истиқоматкунандагони ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.
Меҳмонон зимни суханронӣ аҳаммияти бузурги Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар дар самти рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат зикр намуда, доир ба дастури барномавию раҳнамунсоз будани он, ки ба рушди бемайлону устувори кишвар, аз ҷумла манфиатҳои миллӣ, муқаддасот ва арзишҳои миллӣ мусоидат намуда, роҳи минбаъдаи тараққиёти соҳаҳои гуногуни мамлакатро муайян мекунанд, ибрози андеша намуданд.