Тибқи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар донишгоҳ 13-уми феврали соли равон аз ҷониби ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони хоҷагии донишгоҳ шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар шанбегӣ ҳудуди донишгоҳ, аз ҷумла майдончаҳои майсазор, гулу гулбуттаҳо ва гирду атрофи дарахтони сояафкану мевадиҳанда тозаю озода карда шуда, дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуд.
Инчунин, роҳравҳо ва гирду атрофи дарахтони кӯчаи Деҳотӣ рӯбучин ва тозаю озода карда шуд.
Шуъбаи табъу нашр