8-декабри соли 2020 раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ ва 20 нафар донишҷӯи ризокор дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз назди Маркази миллии ташхисӣ-табобатӣ то ба Сирки давлатӣ корҳои тавзеҳиро доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, COVID-19 ва риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар байни шаҳрвандон амалӣ намуда, ба онҳо даҳонбанди тиббӣ ва маводи антисептикӣ тақдим карданд.
Раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ