2-юми октябри соли 2020 дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент семинари илмӣ-тарбиявӣ ба муносибати ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.
Дар маҳфил омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба асолату манзалати омӯзгор ва нақши забони давлатӣ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки омӯзгорӣ пешаи муқаддас ва табаррук аст ва омӯзгор бояд дорои ному маърифати баланд ва ахлоқи ҳамида бувад.
Баланд аст аз фалак номи муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам,
Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Омӯзгори ҷавони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Саъдӣ Додарбеков низ дар бораи забони бостонию ғаноманд ва шеваю шоирона будани забони ноби тоҷикӣ ибрози назар карда, зикр намуданд, ки забони давлатӣ дар давраи истиқлолияти кишвар рушд кард.
Семинари илмӣ – тарбиявӣ дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент дар фазои ҳусни тафоҳум ва гиромидошти омӯзгор ва забони давлатӣ анҷом пазируфт.
Факултети иқтисодиёт ва менеҷмент