30-юми сентябри соли 2020 дар толорҳои лексионии донишгоҳ вохӯрии Музофиров Ҳ.Ғ., сардори Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, Нуронов И. К., прокурори калони Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, дотсент Толибов Қ.Қ. бо донишҷӯён доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва маъракаи муҳимми сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Ҳамчунин, нотиқон доир ба бемории сироятии коронавирус (Сovid - 19), риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, фосилаи иҷтимоӣ, пешгирии дохилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро ва содир накардани ҷиноят аз тарафи донишҷўён сухан карда, онҳоро барои иштироки фаъолона дар ин маъракаи сиёсӣ даъват намуданд.
Дар поёни доираи вохӯриҳо нотиқон ба суолҳои донишҷўён ҷавобҳои мушаххас доданд.
Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият