29-уми сентябри соли 2020 дар донишгоҳ дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” мизи мудаввар дар мавзӯи “Таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон” баргузор гардид., ки дар он намояндагони шуъбаҳои таълим ва сифати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҳайати раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисодӣ Зарина Қодирова оғоз ёфт.
Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессор Ҳамидуллохон Фақеров суханрони намуда, иброз доштанд, ки мақсади асосии чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳа дар давоми солҳои қабли баргузор гардиданд, аз муаррифӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ иборат аст. Инчунин, зикр намуданд, ки низоми сифат дар донишгоҳ яке аз самтҳои муҳимми таълим ба ҳисоб рафта, дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар як муассиссаи таълимӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки низоми хоссаеро дар худ дошта бошад. Барои боло бурдани низоми менеҷменти сифат салоҳиятнокии ҳар як узви коллектив бояд ба назар гирифта шавад.
Дар мизи мудаввар муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ Фарҳод Шаропов доир ба мавзӯъҳои “Низоми менеҷменти сифати донишгоҳ ҳамчун воситаи муҳимми таъмини сифати таҳсилот”, “Раванди таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон”, “Механизми муайян кардани дараҷаи қаноатмандии ҷонибҳои манфиатдор (стейкҳолдерҳо) аз хизматрасонии таълимии донишгоҳ” суханронӣ карда, низоми менеҷменти сифатро яке аз самтҳои муҳим барои МТОК маънидод карданд.
Ҳамчунин, сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ, Мубин Абдувалиев доир ба “Таҷрибаи хориҷии татбиқи низоми менеҷменти сифат дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ” сухан ронда, таҷрибаи муассисаҳои олии касбиро яке аз қисмати муҳим барои татбиқ намудани низоми менеҷменти сифат арзёбӣ намуданд.
Иштирокдорони мизи мудаввар таҷрибаи ДДТТ-ро пазируфта, барои боз ҳам ҷоннок намудани низоми менеҷменти сифат ва такмили он фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар Зарина Қодирова ба аҳли нишаст барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, онҳоро ба Конференсияи байналмилалӣ оид ба низоми менеҷменти сифат-кафолати омода намудани мутахассисони баландихтисос, ки рӯзҳои 30-31-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, даъват намуд.
Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ