Семинари омӯзишӣ

Бинанда: 1304 | Санаи нашр: 22 Сентябр 2020

Дар таърихи 22-юми сентябри соли 2020 дар толори диссертатсионӣ бо иштироки донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон” баргузор гардид.

Нуралихонзода С.Н., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони донишгоҳ семинари омӯзиширо бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, барои иштирок ба муовини ректор оид ба таълиму тарбия, дотсент Толибов Қ.Қ. ва бонувону донишҷӯдухтарони фаъол изҳори сипос намуданд. Мавсуф зимни баромад оид ба “Дастурамали тавсиявии либосҳои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои шаҳрвандони кишвар пешниҳод шудааст, ибрози ақида намуданд. Ҳамзамон, таъкид карданд, ки   намунаи либосҳои тавсиявӣ бо мақсади тақвияти ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ, эҳё ва рушди мероси фарҳанги миллӣ ва таъмини ҳисси баланди зебоипарастии шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, барои муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил мусоидат менамояд.

Дар идомаи семинар Ғафурова Ҷ.М., мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони донишгоҳ доир ба куҳанмиллат будани мардуми тоҷик, тамаддуни пурғановати он, забон, адабиёт, фолклор ҷашну маросимҳо, фаҳанги воло ва тарзу шеваи либоспӯшӣ сухан карданд.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва дар тафаккури донишҷӯдухтарон ҷой намудани малакаи фарҳанги либоспӯшӣ, дар рафти семинар замимаҳои “Дастурамали  тавсиявии либосҳои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо аксҳо ба тариқи слайд нишон дода шуд. Ҳамчунин, донишҷӯдухтарон интихоби либос ва тарзи дурусти либоспӯшро дар хона, ҳавлӣ, гирду атроф, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассиса  ва дигар чорабиниҳо муаррифӣ гардиданд.

Дар идомаи семинар Қобил Толибов зикр карданд, ки “Дастурамали тавсиявии либосҳои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, хусусияти тавсиявӣ дошта, баҳри ба танзим даровардани фарҳанги дурусти либоспӯшӣ барои духтарон ва занон  пешниҳод гардидааст.              

Ҳар як миллат ва давлатро дар арсаи байналмилалӣ бо маданият, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои миллии хеш медонанд ва мешиносанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  вазифадор аст, ки бо эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат эълон шуда буд, баҳри ҳар чи бештар ҷалб намудан ва муаррифии фарҳангу анъанаҳои миллӣ барои меҳмонони аз хориҷи кишвар ташрифоварда саҳмгузор бошад.

Дар анҷоми ҳамоиш Қобил Толибов ба масъулон барои баргузории чунин як семинари муфид изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top