Дар донишгоҳ пайваста ва ба таври муназзам аз ҷониби комиссияи махсус дараҷаи салоҳиятнокӣ, касбият, тахассус, маҳорат ва малакаи омӯзгорон таҳлилу баррасӣ карда мешавад.
Чанде пеш бо роҳбарии раиси комиссия, муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, дотсент Толибов Қ. Қ. ва мутахассисони шуъбаҳои дахлдор дарси санҷишии омӯзгорони ҷавон, аз ҷумла, муаллим Муҳаммадраҷаб Гадоев дар курси 2-юми гурӯҳи 250112 ва 400102 аз фанни диншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Омӯзгори ҷавон Муҳаммадраҷаб Гадоев дарси санҷиширо бо омодагию масъулиятшиносӣ, корбурди босамари технологияи нав ва тарзу усули пешқадами таълимӣ баргузор намуд.
Сипас, масъулон дарси кушоди омӯзгори ҷавонро таҳлилу баррасӣ карда, ба ӯ маслиҳати судманд доданд.
Ҳайати комиссияи махсуси донишгоҳ,
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа