Семинари илмӣ

Бинанда: 1594 | Санаи нашр: 25 Январ 2019

25-уми январи соли 2019 дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии факултети тиҷорат ва гумрук семинари илмӣ бо иштироки муовини декан оид ба илм ва инноватсия, номзади илми иқтисодӣ Лоиқшо Бӯриев, мудири кафедра, номзади илми математика Давлатмамад Сангмамадов ва омӯзгорону кормандони кафедра гузаронида шуд.

  

Дар маҳфили илмӣ омӯзгорон – Одинабеков Х.Б. ва Идиев С.Б. дар мавзӯъҳои “Ҳалли масъалаҳои омехта барои як синфи системаҳои муодилаҳои метагиперболикии навъи Бюргерс” ва “Муайян намудани вақти ҳаёти эритроситҳои хуни одам” суханронӣ намуданд ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Дар анҷом Лоиқшо Бӯриев ба фаъолону иштирокдорони семинар, ки дар пурмазмуну ҷолиб гузаштани он саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуд.

    

Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top