Низоми коргузорӣ дар шуъбаи умумӣ

Бинанда: 2017 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2018

23-юми ноябри соли 2018 дар шуъбаи умумии донишгоҳ семинари илмӣ -назариявӣ дар мавзӯи "Тартиби дурусти коргузорӣ - асоси пешрафти фаъолият" доир гардид.

Семинарро мудири шуъбаи умумӣ Исмоилова Р.Қ. оғоз намуда, перомуни муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар соли таҳсили 2018-2019, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар масъалаи тартиби дурусти коргузорӣ ва иҷрои ҳатмии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили марбути соҳа ибрози андеша намуд.

Сипас, номзади илмҳои ҳуқуқ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат Меликов У.А. дар мавзӯи "Асосҳои ҳуқуқии ҳуҷҷатгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромад карда, андешаҳояшро баён кард ва таъкид намуд, ки тартиби дурусти коргузорӣ асоси пешрафти фаъолияти дилхоҳ корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳоро ташкил медиҳад.

Дар ҳамоиш коргузорону операторони кафедраю факултетҳо ва намояндагони дигар сохторҳои донишгоҳҳузур доштанд.

 Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top