28-юми ноябри соли 2018 дар ДДТТ бо ташаббуси сардори Раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фарҳод Шаропов мулоқоти муассиси ширкати машваратӣ – сармоягузории “Кабир – бизнесгрупп” Меҳрубон Бурҳонов бо устодону донишҷӯён доир гардид.
Мавсуф оид ба фаъолияти ширкати консалтингии мазкур изҳори андеша намуда, дар мавзӯи “Ташкил ва пешбурди соҳибкорӣ дар шароити Тоҷикистон” ба аҳли нишаст бизнес – тренинг гузаронид.
Шуъбаи робита бо ҷомеа