Парчам ифтихори мост

Бинанда: 2409 | Санаи нашр: 22 Ноябр 2018

  

21-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он дар қатори устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Убайдулло Қурбонов ва кормандони масъули ҳамин кумита иштирок доштанд.

   Ҷамъомадро муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Қобил Толибов оғоз намуда, ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатии кишвари азизамон самимона табрику таҳният гуфта, ба таври мухтасар аз хусуси Парчами давлатӣ, ки ба андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст”, ёдовар шуда, онро дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ аз муқаддастарин рамзҳои давлату миллат маънидод кард.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Убайдулло Қурбонов нутқи табрикотиашро бо суханони зерини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни яке аз баромадҳояшон гуфта буданд: “Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикстон аст”, оғоз намуданд. Аз ин рӯ, суханашро давом дода, – гуфт ӯ, – муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ихтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллат ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

  Дар маърӯзаи номзади илми ҳуқуқ, дотсент Меликов У.А., ки “Парчам – рамзи давлатдорӣ” номгузорӣ шуда буд ва маърӯзаи донишҷӯи курси якуми ихтисоси 960101 Мавзуна Таварова таҳти унвони “Парафшон бодо парчамат, Тоҷикистони азиз”, ки хеле шавқовару пурмазмун буданд, доир ба таърихи парчаму парчамдорӣ, азизу муқаддас донистан ва ифтихор кардан аз он, инчунин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам андешаҳои ҷолиб баён карда шуданд.

Барномаи консертии аз ҷониби донишҷӯёни факултети тиҷорат ва гумрук омодакардашуда, ки қисмати фарҳангии чорабиниро ташкил дода, аз сурудҳои дар васфи Ватан, Парчам, Истиқлолият, ҷавонӣ, рақсҳои мардуми манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла бадахшонӣ суғдӣ, хатлонӣ мураттаб гардида буданд, ба ҷамъомад шукуҳи тоза бахшида, қалбҳои иштирокчиёнро лабрези шодию фараҳ гардониданд.

 

   

Р.Шариф, шуъбаи робита бо ҷомеа          

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top