(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон ва роҳҳои баланд бардоштани он дар шароити муосир, хусусан, дар раванди муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ яке аз василаи асосии ташаккул ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор меравад.
Дар масъалаи фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон ва роҳҳои баланд бардоштани он дар илми ҳуқуқ таҳқиқотҳои нокифоя гузаронида шудаанд. Фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон, ки барои пешрафти муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ нақши муҳимро мебозад, баланд бардоштани он вазифаи муҳимми давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар сатҳи назарияи илми ҳуқуқ кор кардани паҳлўҳои гуногуни он ва дар амалияи ҷамъиятӣ ташкили нақша-чорабиниҳо оид ба роҳҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон муҳим арзёбӣ мешавад.
Аз ин рў, чунин мешуморем, ки барои бо муваффақият ҳал намудани вазифаи баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон нақша-чорабиниҳои низомнок бояд дар тамоми самтҳои асосии низоми хоҷагидорӣ таҳия гардад. Ғайр аз ин, гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар самти ташаккули фаъолнокии соҳибкорон дар муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ барои баланд бардоштани фарҳанги умумии соҳибкорон ва маърифати ҳуқуқии онҳо муҳим ва зарур аст.
Ба андешаи мо, барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда метавонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо ва барномаҳову консепсияҳо дар ин самт қабул гардидаанд, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дасгтгирии давлатии соҳибкорӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ”, ҳамчунин Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо назардошти муҳим будани масъалаи баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ба ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорон чораҳои зарурӣ андешад. Маҳз марказҳои хизматрасонӣ барои соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳо метавонанд қадами устувор барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон гузоранд. Воқеан соҳибкор бе доштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои молиявӣ наметавонад фаъолияти пурсамар дошта бошад. Бо ин мақсад Президенти мамлакат муҳим шумориданд, ки дар мамлакат марказҳои хизматрасонӣ ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва донишҳои молиявии соҳибкорон ташкил карда шавад. Дар ҳақиқат дар раванди ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан соҳибкорони навтаъсис ба мушкилоти ҳуқуқӣ дучор мешаванд, ки ин аз паст будани фарҳанги ҳуқуқии онҳо шаҳодат медиҳад. Бинобар ин зарур аст, ки сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва молиявии онҳо баланд бардошта шавад. Бо ин мақсад пешниҳод менамоем, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи давлатӣ бо номи “Тарбияи ҳуқуқии соҳибкорон” қабул карда шавад. Дар чунин ҳолат зарур аст, ки нақша-чорабиниҳои низомнок дар шаҳру ноҳияҳо тартиб дода шуда, дар байни соҳибкорон маҳфилҳо ва семинарҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии онҳо гузаронида шавад. Ин иқдом метавонад ҷиҳати боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии онҳо хизмат намояд.
Бояд қайд намуд, ки яке аз роҳҳои асосии боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон ин ташкили курсҳои омўзишӣ оид ба масъалаҳои муҳимми соҳибкорӣ мебошад. Ташкили чунин курсҳо бештар барои соҳибкорони навтаъсис муҳим мебошад, чунки соҳибкоре, ки нав ба чунин фаъолият машғул мешавад, дар оғоз метавонад ба мушкилиҳои зиёди ҳуқуқӣ дучор гардад. Дар натиҷаи омўзиши чунин курсҳо маърифати ҳуқуқии соҳибкорон баланд бардошта мешавад ва онҳо метавонанд ҳангоми фаъолияти хеш аз уҳдаи мустақилона бартараф намудани мушкилоти ҳуқуқӣ бароянд.
Дигар воситаи баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон нашр намудани адабиёти ҳуқуқӣ ба тариқи чопӣ ва электронӣ дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ, инчунин ташкили машваратхонаҳои ройгони ҳуқуқӣ ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо мебошад, ки бевосита метавонанд таъсири худро дар рушди шуур ва фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон расонанд.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ ва фарҳанги ҳуқуқии соҳибкорон пешниҳод менамоем, ки соҳибкороне, ки бо фаъолияти савдо машғуланд ва ҳамзамон марказҳои хизматрасоние, ки бо мардум сару кор доранд, ҳатман бояд ба шахсоне иҷозат дода шавад, ки дорои маълумоти касбӣ аз рўи ихтисос бошанд. Дар чунин сурат аз як тараф фарҳанги ҳуқуқӣ ва донишҳои касбии соҳибкорон баланд бардошта мешавад, аз тарафи дигар бошад, фаъолияти соҳибкорӣ низ пешрафт менамояд.
Неъматулло Дилоев, мушовири ректори ДДТТ