Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз комёбиву муваффақиятҳои нав ба нави мамлакатамон дар ҳама самтҳо буд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ин Паём аз ояндаи дурахшони мамлакату миллатамон гувоҳӣ медиҳад.
Мусаллам аст, ки иқтисодиёт яке аз фишангҳои пурқудрати ҳар як мамлакату давлат мебошад. Бинобар ин, Роҳбари муаззами миллатамон Паёмашонро вобаста ба сиёсати дохилӣ аз пешравиҳои иқтисодӣ оғоз намуданд.
Дар ин замина, Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт таҳти роҳбарӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Сарвари давлату Ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду муваффақиятҳои нав ба нав ҳамасола ноил гардида истодааст. Чуноне ки аз Паёми Президенти кишвар маълум гардид, барои пешравии иқтисодиёт ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ Ҳукумати мамлакат тамоми қудрату имкониятҳои мавҷударо барои беҳтар намудани зиндагии шоистаи мардуми сарзаминамон равона менамояд. Хушбахтона, бо супоришу роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ бо ҳисоби миёна 7,7 фоиз расонида шудааст, ки ин аз пешравии мамлакати мо дар соҳаи иқтисодиёт гувоҳӣ медиҳад, ки барои беҳбудӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона карда мешавад.
Вобаста ба пешравии соҳаи иқтисод қайд карда шуд, ки суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2024-ум 8,4 фоизро ташкил дода, ба 150 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Ҳукумати мамлакат тамоми саъю кӯшиши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ равона карда, тибқи нақша ва барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи дохиливу хориҷӣ ба он зиёда аз 197 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ба таври сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз бандҳои асосии Паёми навбатии Роҳбари муаззами миллат, ки аз пешравию тараққиёти Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад, маҳсуб меёбад. Дар ин замина, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шудаанд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд”.
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Роҳбарияти давлату Ҳукумат тамоми кӯшишу ғайрати худро барои дастгирии пайваста ва кумаку пешравии соҳаи маорифу фарҳанг, тандурустиву варзиш равона намуда, саҳми соҳибкорону шахсиятҳои хайрпешаро дар ин самт доимо хотирнишон сохта, ба онҳо баҳои арзанда медиҳанд. Аз Паёми Сарвари ғамхори кишварамон маълум гардид, ки саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ин масъала хеле назаррас буда, бо ташаббуси ин қишри ҷомеа се соли охир дар мамлакатамон барои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 1500 иншоот, барои соҳаи тандурустӣ 660 иншоот, варзиш 480 иншоот, фарҳангу фароғат 175 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.
Мусаллам аст, ки Роҳбарияти олии мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум пайваста кӯшиш менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас сол то сол даромади пулии аҳолӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас расонида шуда, музди меҳнати кормандони ҳамаи соҳаҳо баланд бардошта мешаванд.
Аз ҷумла, аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, даромади пулии аҳолӣ дар панҷ соли охир аз 48 миллиард сомонӣ ба 147 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин дар соли 2024 нисбат ба соли 2019 се баробар зиёд мебошад. Дар натиҷаи ин тадбирҳои инсондӯстона, маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои давлатӣ 40 фоиз баланд бардошта шуда, андозаи нафақа аз ҳисоби буҷаи мамлакат дар соли 2024-ум 30 фоиз зиёд карда шуд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии мо мебошад, ки Роҳбари муаззами миллат ба кормандони соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хоса доранд ва барои зиндагии шоистаро доро будани омӯзгорон пайваста тадбирҳои муҳим меандешанд. Хушбахтона, дар Паёми навбатӣ низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз 1-уми сентябри соли 2025 дар ҳаҷми 20 фоиз баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм супориш доданд.
Ба мо маълум аст, ки Тоҷикистони азизи мо дар давраи Истиқлол дар баробари аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё сол то сол дастовардҳои назарраси иқтисодиву илмиву техникиро ноил гардидааст ва ҳамзамон, барои боз ҳам вусъат бахшидани чораҳои зарурӣ дар ин самт гузаштан ба иқтисоди рақамӣ яке аз роҳҳои асосии пешравии мамлакат мебошад.
Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодӣ миллӣ аҳаммияти калон дода шуда, аз ҷониби Роҳбари давлат супориш дода шуд, ки «иқтисоди сабз» вусъат дода шуда, барои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Вобаста ба масъалаи боз ҳам баланд бардоштани таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ Роҳбари кишварамон таъкид намуданд, ки барои гузариш ба рақамикунонии соҳаи иқтисоди миллӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин замина, Пешвои миллат зикр намуданд, ки «Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт, пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.
Навовариву навгониҳо ва алоқамандии онҳо бо истеҳсолот яке аз масъалаҳои ҳалталаби замон маҳсуб меёбад ва саҳми Роҳбари муаззами миллат вобаста ба он хеле бузург мебошад. Бинобар ин, дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати пайванди инноватсия бо истеҳсолотро муҳим шуморида, ба Вазорати адлия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин саноат ва технологияҳои нав супориш доданд, ки барои тасдиқи нақшаи номбаршуда санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Дар баробари ин, таъкид намуданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода намудани барномасозон ва дигар ихтисосҳо барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Боиси хушнудист, ки тарбияи насли наврасу ҷавон бори дигар зери таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбарияти мамлакат қарор дода шуд. Президенти кишвар қайд намуданд, ки “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем”. Ҳамчунин, қаноатмандии хешро нисбат ба ин қишри ҷомеа дар Паём чунин изҳор намудаанд: “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”.
Мусаллам аст, ки қадршиносӣ ва ҳурмату эҳтироми зан – модар яке аз самтҳои авлавиятдоштаи сиёсати давлату Ҳукумат буда, пайваста дар он ғамхориҳои Пешвои миллат эҳсос карда мешавад. Ин масъала дар Паёми имсола низ зери таъкидҳои пайвастаи хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар қарор дошт. Дар ин замина, ба мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосири тоҷикон аҳамияти махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки занон дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон нақши созгор дошта, дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият доранд.
Ҳамин тариқ, тамоми масъалаҳое, ки дар Паём ироа гардид, барои пешравию тараққиёти Тоҷикистони азизи мо равона гардида, аз ояндаи равшану дурахшони Ватани биҳиштосои мо башорат медиҳад ва мо, ҷавонони Тоҷикистон аз ин ғамхориҳои Роҳбари маҳбуби миллат илҳом гирифта, зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода, талош менамоем, ки баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем ва тамоми саъю талоши худро барои амалисозии ин мақсадҳои наҷиб равона созем.
Ёқубзода Муҳаммадҷон, ёрдамчии ректори ДДТТ